Санаи 2 июли соли 2025, дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа бо иштироки ҷомеаи маҳаллӣ маҷлиси сайёри судӣ доир гардид, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ пешбинигардида муҳокима гардид. Мурофиаи судиро судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам роҳбарӣ намуд. Тибқи иттиҳоми мақомоти
Иттилоот
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар самти зоҳир намудани арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ, дар суди ноҳияи Роштқалъа як қатор корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар доираи тадбирҳои мазкур дар гирду атрофи бинои суд корҳои рангубор ва навсозии деворҳо, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин сафолакпӯшӣ ва сабзкорӣ
Соли 2025 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рамзи сулҳу субот, оромии сиёсӣ, ягонагии миллӣ ва поягузори истиқрори давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ боқӣ мемонад. Ин санаи таърихӣ 27-уми июни соли 1997 рӯзи имзои Созишномаи
Дар ҷараёни ташаккули давлатдории муосир ва таърихи сиёсии ҳар як миллат давраҳое мавҷуданд, ки на танҳо самти рушди минбаъдаро муайян месозанд, балки тақдири умумимиллӣ ва пойдории пояҳои давлатдориро низ зери таъсир қарор медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин давраи тақдирсоз солҳои буҳронӣ ва мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад, ки кишварро ба вартаи
Нашр гардидани мақолаи судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар нашрияи «Шоҳдара» таҳти №6 (246) дар моҳи июни соли 2025 Дар моҳи марти соли 2025, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024–2025-ро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дод. Пешвои
Санаи 3 июни соли 2025 дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва таъмини шаффофияти баррасии парвандаҳои судӣ, маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид. Маҷлиси мазкур таҳти раёсати Раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Санаи 6 майи соли 2025, дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъа маҷлиси сайёри судӣ таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баргузор гардид. Мурофиаи мазкур ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оида ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, баргузор гардид.
Санаи 25 апрели соли 2025 дар бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ташаббуси роҳбарияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешбурди сомонаҳои судӣ бо мақсади тезонидани раванди рақамикунонӣ ва ба роҳ мондани низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” баргузор гардид. Семинари мазкур бо ҳадафи татбиқи
Санаи 23 апрели соли 2025 дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мурофиаи сайёри судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулк бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ баргузор гардид. Парвандаи мазкур таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баррасӣ гардид.
Санаи 21 апрели соли 2025, дар асоси нақша-чорабиниҳои роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ маҷлиси сайёри судӣ ва ҳамзамон вохӯрии судманд бо намояндагон бахши маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам ва