ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

Соли 2025 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рамзи сулҳу субот, оромии сиёсӣ, ягонагии миллӣ ва поягузори истиқрори давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ боқӣ мемонад.

Ин санаи таърихӣ 27-уми июни соли 1997 рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ин рӯйдоди тақдирсоз ба муқобили ҷанги шаҳрвандӣ нуқтаи тамом гузошта, роҳи сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва пешрафти кишварро фароҳам овард.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони Истиқлолияти давлатӣ санаи 9-уми сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳалаи бисёр душвори сиёсиву иҷтимоӣ ворид гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992–1997 идома кард, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳро ба ҳалокат расонд, садҳо ҳазор нафарро бехонаву дар ва муҳоҷир кард, зерсохторҳои кишварро ба коми нестӣ бурд ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро барои чандин сол қафо андохт.

Дар ҳамин марҳалаи ҳассосу тақдирсоз, шахсияти барҷаста ва таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси хоксор аз миёни мардум, бо дили пур аз меҳру садоқат ба миллат ва бо иродаи қавии сиёсӣ ва маърифати баланди давлатдорӣ, ба арсаи роҳбарии кишвар ворид шуд. Бо ибораи машҳури худ дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 1992, шаҳри Хуҷанд) изҳор дошт:
«Ман ба хотири барқарор кардани сулҳ, ягон рӯз ором намехобам… Агар лозим шавад, барои сулҳу ваҳдати миллат ҷонро фидо мекунам!»

Ба туфайли барқарор шудани сулҳ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозиро оғоз намуд. Аз ҷумла:

 

  • Барқарории сохти конститутсионӣ ва таъсиси ниҳодҳои демократӣ, қабули Конститутсияи нав (соли 1994) ва ислоҳоти минбаъдаи ҳуқуқӣ.
  • Рафъи ҷанг ва безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ, бо роҳи музокирот ва ба ҳаёти осоишта баргардондани ҳазорҳо нафар собиқ мухолифин.
  • Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони дохилӣ — беш аз 800 ҳазор нафар бо кӯмаку дастгирии давлат ва шарикони байналмилалӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
  • Барқарории инфраструктура ва оғози давраи навбатии рушди иқтисодӣ.
  • Таҳкими иқтидори дифоӣ, амният ва ҳифзи марзҳо, ки ба истиқлолияти ҳақиқии давлатӣ асос гузошт.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешак, натиҷаи сиёсати сулҳофар, муттаҳидсоз ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллатанд, ки дар тӯли беш аз се даҳсола тавонистанд, миллати парешонро муттаҳид созанд ва Тоҷикистонро ба кишвари ором ва устувор табдил диҳанд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ на танҳо як ҳуҷҷати сиёсиву таърихӣ, балки асоси фалсафаи давлатдорӣ ва рамзи рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст.

Маҳз тавассути ваҳдат, имрӯз Тоҷикистон дар сархатти давлатҳои амнтарин ва устувортарини минтақа қарор гирифта, бунёдкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо аз энергетика то саноату кишоварзӣ, аз илму маориф то тандурустӣ шиддати бесобиқа пайдо намудаанд. Тоҷикистон ташаббускори сиёсати «дарҳои боз», муаррифгари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар масъалаҳои об, иқлим ва амнияти глобалӣ гардидааст.

Имрӯз, пас аз 28 сол, метавон бо ифтихор гуфт, ки Ваҳдати миллӣ на фақат як санади таърихӣ, балки пояи бақои давлат ва кафили зиндагии орому шоистаи мардум аст. Сулҳу субот ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ганҷинаи бузургест, ки бояд насл ба насл ҳифз ва тақвият ёбад.

Эзоҳ: Мақолаи мазкур дар нашрияи МИҲД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ «Шоҳдара» таҳти №7 (247) моҳи июни соли 2025 ба чоп расидааст.

Нарзулозода Илҳом Алӣ
Раиси суди ноҳияи Роштқалъа