МУЛОҚОТИ СУДМАНД: ШАРҲИ ҚОНУНҲОИ МУҲИМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 21 июли соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа вохӯрии муҳиме баргузор гардид. Дар ин мулоқот Раиси суди ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Нарзулозода Илҳом Алӣ, бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯъҳои мубрами қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати судманд доир намуд.
Зимни вохӯрӣ, Нарзулозода И.А. таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муқаррароти калидии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҷалб намуд. Таъкид гардид, ки риояи қатъии ин қонун ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ ниҳоят муҳим аст. Ин қонун заминаи ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо таъмин намуда, тартиби қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва посух додан ба муроҷиатҳоро муайян мекунад.
Қисми дигари мулоқот ба шарҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Дар ин росто, Раиси суд зарурати риояи меъёрҳои ин қонунро бо мақсади пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид кард. Масъалаҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани тӯю маъракаҳо, ки дар доираи ин қонун танзим мегарданд, мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифтанд.
Инчунин, дар рафти суҳбат ба масъалаҳои қонунгузории замин диққати махсус дода шуд. Нарзулозода И.А. дар бораи муқаррароти асосии Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки муносибатҳои заминиро танзим мекунанд, маълумот дод. Аз ҷумла, масъалаҳои истифодаи самараноки замин, ҳифзи он ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, Нарзулозода Илҳом Алӣ аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ меъёрҳои қонунгузории амалкунандаро ба таври қатъӣ риоя намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд. Ин мулоқот имконияти хуберо фароҳам овард, ки донишҳои ҳуқуқии кормандони давлатӣ тақвият ёфта, дар самти таъмини волоияти қонун қадамҳои устувор гузошта шаванд.