БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ШАНБЕГӢ ДАР ГИРДУ АТРОФИ БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Санаи 11 апрели соли ҷорӣ, бо ташаббуси роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъа бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ободкорӣ миёни кормандон, дар гирду атрофи бинои суд корҳои ободонӣ ва шанбегии умумӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин иқдом Раиси суд, судя ва кормандони дастгоҳи суд иштироки фаъолона намуданд. Дар ҷараёни корҳои ободонӣ гирду атрофи бинои суд аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза гардида, дарахтон ва гулҳо шинонида шуданд, инчунин корҳои таъмиру тармими сабук дар ҳудуди бинои суд анҷом дода шуд.
Чунин иқдомҳо ба беҳтар гардонидани шароити корӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳтироми муҳити зист мусоидат менамоянд. Роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъа минбаъд низ баргузории мунтазами чунин чорабиниҳоро дар назар дорад.