БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ОИЛАВӢ ВОБАСТА БА ДАЪВОИ ТАҚСИМИ МОЛУ МУЛКИ МУШТАРАК ДАР ҶОЙИ МАНЗИЛИ БАҲСӢ

Санаи 6 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа маҷлиси сайёри судӣ доир гардид.
Маҷлиси сайёри судӣ таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баргузор гардида, мавриди баррасӣ парвандаи оилавӣ вобаста ба даъвои тақсими молу мулки муштарак байни собиқ зану шавҳар қарор гирифт. Мувофиқи маводи парванда, баъди бекор шудани ақди никоҳ, миёни тарафҳо оид ба тақсими манзили истиқоматии дар ҳолати сохтмонаш нотамомбуда, баҳс ба миён омад. Тарафҳо ҳар ду даъво мекарданд, ки молу мулки мавриди баҳс бояд мувофиқи ҳиссаҳои онҳо тақсим карда шавад.
Санади суди қабулгардида бевосита дар назди аҳолии маҳаллӣ эълон ва шарҳ дода шуд. Ба иштирокчиён ва ҳозирон фаҳмонда шуд, ки чунин мурофиаҳо барои ҳалли одилонаи баҳсҳои оилавӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи занону мардон дар ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ва бартараф сохтани муноқишаҳои молу мулкӣ аҳамияти калон доранд.
Бояд таъкид кард, ки баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ дар маҳалҳо на танҳо ба ҳаллу фасли саривақтии баҳсҳо мусоидат мекунад, балки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими эҳтиром ба қонун ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ нақши муҳим мебозад.