БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТИ МИЛЛӢ ВА МАҲАЛЛГАРОӢ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТӢ СОДИР ГАРДИДААСТ, ДАР ДОИРАИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ

Санаи 8 августи соли 2025 бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар самти таҳкими тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ҷомеа, маҷлиси сайёри судии суди ноҳияи Роштқалъа дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъа баргузор гардид.

Маҷлиси судӣ таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам ҷараён гирифта, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба барангехтани кинаю адоват миллӣ, маҳаллӣ тавассути шабакаи интернетӣ содир гардиааст, баррасӣ карда шуд.

Суд, бо дарназардошти вазнинии қонуншиканӣ ва зарурати таъмини пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти иғвогарона, нисбати шахси ҷалбшуда ҷазои маъмуриро татбиқ намуда, оид ба оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ба аҳолии маҳаллӣ шарҳ дод.

Дар фарҷоми маҷлиси сайёри судӣ судя Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам бо ҳозирон оид ба масъалаҳои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи ягонагии миллат ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа суҳбати озод анҷом дод. Таъкид гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд дар пойдории Ваҳдату ҳамдилии миллӣ, пешгирии ҳар гуна иғво ва тафриқа нақши фаъол дошта бошад, зеро сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол ба шумор меравад.

Бо баргузории чунин маҷлисҳои сайёри судӣ, судҳои ҷумҳурӣ на танҳо вазифаи барқарор намудани адолатро иҷро мекунанд, балки ҳамчун як мактаби ҳуқуқӣ, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқбунёдии давлат саҳми назаррас мегузоранд.