МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ НАЗДИ РАИСИ СУДИ ВМКБ

Санаи 7 апрели соли 2025 дар толори суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Раиси суди ВМКБ Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа маҷлиси навбатии назоратӣ бо иштироки судяҳои суди вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи он баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти судҳо мавриди таҳлил ва баррасии қарор дода шуданд. Дар маҷлис масалаҳои гуногун, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнатӣ ва ҳозиршавии саривақтии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, баррасии саривақт ва босифати парвандаҳои судӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда, баланд бардоштани сифати таҳияи санадҳои судӣ, саривақт супоридани санадҳои судӣ ба шахсони манифатдор, фаъол гардонии сомонаҳои расмии судҳо ва гузариш ба низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, пайваст намудани судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба шабакаи интернетӣ ҷиҳати зудтар гузариш ба суди электронӣ ва баррасии дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбии судяҳо ва ташкил намудани муҳити кории шоиста дар судҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни маҷлис судяҳо оид ба ҳар як масъалаи зикршуда фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи фаъолияти ҳокимият суд пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.