МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ БО ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА МАСЪАЛАИ ХУДСАРОНА ИШҒОЛ НАМУДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН ВА СОХТМОНИ ХУДСАРОНАИ ОН

Санаи 4 апрели соли 2025 дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиноят марбут ба худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсаронаи он буд, сурат гирифт.

Маҷлиси сайёри судӣ таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам гузаронида шуда, дар он айбдоркунандаи давлатӣ, намояндагони идораҳои дахлдор, шахсони масъули кумитаи идораи замин дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоҳидон ва шахсони манфиатдор иштирок намуданд..

Дар рафти муҳокима далелҳои парванда мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷонибҳо тибқи қонунгузории амалкунанда баррасӣ гардиданд. Судя ба иштирокчиёни мурофиа оид ба қонунгузории ҷорӣ, оқибатҳои ҳуқуқии ишғоли худсаронаи замин ва сохтмони ғайриқонунии он шарҳ дод.

Баргузории маҷлиси сайёри судӣ яке аз василаҳои муҳими таъмини адолати судӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Гузаронидани маҷлиси сайёри суд ба иштироки ҷомеа дар маҷлисҳои судӣ муосидат намуда, масъулияти шаҳрвандонро ба риояи қонунгузорӣ тақвият мебахшад. Инчунин, гузаронидани чунин маҷлисҳо ҳамчун василаи пешгирии қонуншиканиҳо ва таъмини шаффофияти мурофиаҳои судӣ хизмат мекунад.

Роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ пайваста барои таъмини адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи истифодаи замин тадбирҳои зарурӣ меандешад.