МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА ҶИНОЯТИ АЗОНИХУДКУНӢ ВА ИСРОФКОРӢ

         Санаи 2 июли соли 2025, дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа бо иштироки ҷомеаи маҳаллӣ маҷлиси сайёри судӣ доир гардид, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ пешбинигардида муҳокима гардид.

Мурофиаи судиро судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам роҳбарӣ намуд. Тибқи иттиҳоми мақомоти тафтишот, шахси ҷинояткор бо истифода аз мақоми хизматии ишғолнамудааш ва бо суистифодаи ҳуқуқу ваколатҳои ба уҳдааш гузошташуда, маводи моливу пулиро, ки ба ӯ бо роҳи қонунӣ дода шудаанд, ба таври ғайриқонунӣ азонихуд намудааст.

Дар ҷараёни мурофиа, бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳои шайъӣ, хулосаи ташхиси судӣ, инчунин изҳороти тарафҳо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Судшаванда дар рафти мурофиа ҳуқуқҳои мурофиавии худро дарк ва амалӣ намуда, мавқеи худро нисбати айби эълоншуда баён кард.

Мақсади асосии баргузории маҷлиси сайёри судӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти молу мулкдошта, таъмини шаффофияти мурофиа ва татбиқи принсипи ошкорбаёнии судӣ мебошад.

        Маҷлиси мазкур ҳамчун як навъ чорабинии тарбиявию пешгирикунанда, инчунин маҳзани таҷриба барои баланд бардоштани масъулияти кормандони муассисаҳо ва шахсони мансабдори давлатӣ ба ҳисоб меравад.