МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРӢ ОИД БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК ДАР МТМУ №26 НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪАИ ВМКБ

Санаи 21 апрели соли 2025 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ доир гардид.

Маҷлиси судии мазкур аз ҷониби судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам вобаста ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 2 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак баргузор гардид.

Ҳадафи ташкили маҷлиси сайёри судӣ дар муассисаи таълимӣ — баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон, пешгирии бемасъулиятӣ дар масъалаҳои тарбияи кӯдак, ва таҳкими ҳамкории суд бо ҷомеаи маҳаллӣ мебошад.

Дар ҷараёни муҳокима муайян гардид, ки яке аз волидайн ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти таълиму тарбияи фарзанди ноболиғ бемасъулиятона муносибат намуда, боиси мушкилиҳои ҷиддӣ дар раванди таҳсилоти кӯдак гардидааст. Суд нисбати ӯ ҷазои маъмурии мувофиқ таъин намуд.

Судя дар баромади худ таъкид намуд, ки масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд на танҳо уҳдадории ахлоқӣ, балки талаботи қонунгузорӣ низ мебошад ва иҷрои нодурусти ин уҳдадорӣ метавонад боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ гардад.

Маҷлиси судӣ дар фазои ошкоро ва шаффоф доир гардида, ҳозирин ба фаъолияти суд аз наздик шинос шуданд.