МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ СУЙИИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТҲОИ МАНСАБӢ ВА СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ

Санаи 3 июни соли 2025 дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва таъмини шаффофияти баррасии парвандаҳои судӣ, маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мазкур таҳти раёсати Раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Нарзулозода Илҳом Алӣ доир гардида, дар он парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси мансабдор вобаста ба содир намудани ҷиноятҳои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ баррасӣ карда шуд.
Парвандаи мазкур тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муҳокима гардида, дар ҷараёни мурофиаи судӣ ҳолатҳои воқеии содиршавии кирдори ҷиноятӣ, далелҳои шайъӣ ва изҳороти иштирокчиёни мурофиа мавриди муҳокима ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Гузаронидани чунин маҷлисҳои сайёри судӣ яке аз шаклҳои муҳим ва муассири тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб ёфта, дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи қонунгузорӣ ва мубориза бо коррупсия нақши назаррас дорад.
Суди ноҳияи Роштқалъа минбаъд низ баргузории маҷлисҳои сайёрро дар мавзеъҳои аҳолинишин идома дода, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими боварии ҷомеа ба адолати судӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.