МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Санаи 6 сентябри соли 2025 дар бинои суди ноҳияи Роштқалъа ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихии миллат – 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси суди ноҳияи Роштқалъа Нарзулозода Илҳом Алӣ, судяи суди ноҳия Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам, инчунин кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Маҷлисро раиси суд оғоз намуда, оид ба аҳаммият ва ҷойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тоҷик суханронӣ кард. Зикр гардид, ки маҳз бо баракати Истиқлолият халқи тоҷик соҳиби давлатдории миллӣ гардида, бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Сипас судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод С.С. бо сухани тантанавӣ баромад намуда, моҳият ва мазмуни истилоҳи “Истиқлолият”-ро шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки истиқлолият танҳо рамзи озодӣ ва давлатдорӣ набуда, балки кафили ваҳдат, сарҷамъӣ ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Дар баромади худ судя ҳамчунин дастовардҳои бузурги даврони истиқлолро ёдовар шуда, нақши ин неъмати олӣ дар таҳкими қонуният ва адолати судиро махсус зикр намуд.
Дар идомаи маҷлис кормандони суд Шодороева Ҳ.С. ва Аноятшоев Ҳ.Г. низ сухан гуфта, фикру андешаи худро вобаста ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд. Онҳо бо ифтихор қайд карданд, ки имрӯз Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати созандаи давлат дар фазои сулҳу субот рушд мекунад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳ вазифадор аст, ки ба арҷгузории ин дастоварди таърихӣ содиқона хизмат намояд.

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва арҷгузорӣ ба он вазифаи виҷдонии ҳар шаҳрванди кишвар аст.