МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА АЗОНИХУДКУНӢ БО ИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТҲОИ МАНСАБӢ

Санаи 23 апрели соли 2025 дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мурофиаи сайёри судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулк бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ баргузор гардид.
Парвандаи мазкур таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баррасӣ гардид. Мурофиаи мазкур тибқи талаботи моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи принсипҳои адолати судӣ, ошкоро ва бо иштироки ҷонибҳо баргузор гардид.
Баргузории мурофиаи судӣ дар ҷойи воқеаи эҳтимолии содиршавии ҷиноят яъне дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо мақсади таъмини таҳқиқи ҳамаҷониба, объективонаӣ ва холисонаи ҳолатҳои парванда сурат гирифт. Ин тадбир ба суд имкон дод, ки дар фазои воқеӣ, бо шиносоии амиқ ба муҳити ташкилӣ ва далелҳои парвандаи ҷиноят, тасмими дуруст ва одилона қабул намояд.
Ин таҷриба инчунин ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд ва барои огоҳонии дигар хизматчиёни давлатӣ аст, ки истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои мансабӣ пайомадҳои ҷиддии ҳуқуқӣ дорад.
Ин мурофиа судӣ на танҳо як марҳилаи муҳими баррасии парвандаи мушаххас мебошад, балки ҳамчун як маҳаки муҳим барои иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои мансабӣ хизмат мекунад.
Қобили зикр аст, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини қонуният ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Дар ин замина, мақомоти судӣ масъулияти баландро эҳсос намуда, баррасии чунин парвандаҳоро бо масъулияти касбӣ ва риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ анҷом медиҳанд.
Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо баргузории чунин мурофиаи сайёр ва таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ боз як қадами устувор дар роҳи таъмини адолати судӣ, эҳтиром ба қонун ва мубориза бо ҷиноятҳои мансабӣ гузошт.