ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Дар ҷараёни ташаккули давлатдории муосир ва таърихи сиёсии ҳар як миллат давраҳое мавҷуданд, ки на танҳо самти рушди минбаъдаро муайян месозанд, балки тақдири умумимиллӣ ва пойдории пояҳои давлатдориро низ зери таъсир қарор медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин давраи тақдирсоз солҳои буҳронӣ ва мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад, ки кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, бесуботӣ ва хатари парокандагии низомӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ сохт.

Дар чунин шароити фавқулода ва таҳдидомез, шахсияти барҷастаи таърихӣ ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси кафили ваҳдат, таъмини суботи конститутсионӣ ва наҷотбахши давлату миллат дар саҳифаи нави таърихии давлатдорӣ қадам ниҳоданд.

Бо амри зарурати таърихӣ ва иродаи олии намояндагони халқ, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари олӣ интихоб гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият, Сарвари давлат, бо истифода аз салоҳият ва рисолати қонунӣ, ҳадафи асосии худро таъмини сулҳи устувор, эҳёи пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои мардум ва ҳифзи ягонагии ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Бо такя ба ҷаҳонбинии стратегии давлатсозӣ, иродаи матини сиёсӣ ва масъулияти баланд дар назди миллат, Пешвои миллат ба татбиқи иқдомоти мушаххасе пардохтанд, ки ба мустаҳкамсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, оғози раванди музокироти байни тоҷикон, ҷалби ҷонибҳои даргир ба роҳи сулҳу созиш ва ташкили заминаи ҳуқуқиву дипломатӣ барои расидан ба ризоияти миллӣ нигаронида шуда буданд.

Ин талошҳои пайгирона ва сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат боиси он гардиданд, ки санаи 27 июни соли 1997, дар асоси манфиатҳои олии миллӣ ва бо пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расад, ки он як санади муҳими ҳуқуқӣ, таърихӣ ва сиёсӣ дар таҳкими пояҳои сулҳ ва ваҳдати миллии давлат маҳсуб мешавад.

Дар марҳалаи оғози буҳрони сиёсии дохилӣ ва оғози муқовимати мусаллаҳонаи байнигурӯҳӣ, ки кишварро ба ду ҷабҳаи муқобил ҷудо намуда, амнияти миллӣ, истиқлолият ва бақои давлатдории тоҷиконро зери хатар қарор дода буд, тақозои замон ва иродаи халқ эҳтиёҷи фаврии таърихиро ба миён овард: роҳбарии сиёсию ҳуқуқии давлат бояд ба шахсияти дорои иродаи қавӣ, тафаккури стратегӣ ва масъулияти миллӣ вогузор гардад.

Ин шахсияти таърихсоз ва сарнавиштсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар фазои бениҳоят ҳассос ва буҳронии кишвар, дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) бо иродаи вакилони халқ ва дастгирии умумимиллӣ, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ — роҳбари олии сиёсии кишвар интихоб гардиданд.

Аз рӯзҳои аввали ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлатӣ, Пешвои миллат таъмини сулҳи воқеӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ-ро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор дода, дар шароити таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бо далерӣ, фидокорӣ ва иродаи устувор сафарҳои паёпай ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ анҷом доданд.

Бо истифода аз усулҳои дипломатӣ, таъмини муколамаи мустақим бо аҳолӣ ва тарғиби ғояҳои дӯстиву ҳамбастагӣ, Пешвои миллат мардумро ба оромӣ, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандӣ даъват намуда, ба ташаккули фазои муколама ва эътимод миёни қишрҳои ҷомеа оғоз бахшиданд.

Ин тадбирҳои пайгирона ва сиёсати мушаххаси ваҳдатгароёна дар шароити фазои пуртаниш, ҳамчун заминаи воқеии оғози музокироти миллӣ ва таҳкими бунёди сулҳ дар кишвар хидмат намуданд.

Маҳз бо роҳбарӣ ва роҳнамоии мустақими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз зиёда аз се соли гуфтушунидҳои мураттаб, беш аз 20 мулоқоти расмӣ ва ғайрирасмӣ бо роҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ин созишномаи таърихӣ на танҳо ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқии хотима додан ба низои дохилӣ буд, балки ҳамчун эъломияи умумимиллӣ заминаи мусоиди барқарорсозии давлатдорӣ, эҳёи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, мустаҳкамсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гардид.

Созишномаи сулҳ, ки зодаи иродаи қавии сиёсӣ, фарҳанги баланди таҳаммулгароӣ ва сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат буд, тамоми қишрҳои ҷомеаро зери парчами ягонаи сулҳу субот ва ризоияти миллӣ муттаҳид намуд ва ҳамчун заминаи устувори рушди минбаъдаи давлату миллат хидмат кард.

Имрӯз, пас аз гузашти 28 сол аз рӯзи таърихии ба имзо расидани созишномаи сулҳ, мардуми Тоҷикистон бо ифтихор ва чашми сар мебинанд, ки Ваҳдати миллӣ ба шарофати хирад, дурандешӣ ва сиёсати давлатсозонаи Пешвои миллат на танҳо ҳифз шуда, балки ҳамчун пояи устувори бунёдкории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хидмат менамояд.

Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун арзиш ва дастоварди муқаддаси таърихии мардуми тоҷик шинохта шуда, на танҳо гузаштаи наздик, балки фардои дурахшони миллатро низ кафолат медиҳад. Ҳар як сокини кишвар имрӯз медонад, ки сулҳ ва ваҳдат самараи ҷонбозиҳо, таҳаммул, фидокорӣ ва иродаи матини фарзанди фарзонаи миллат — Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шахсияти таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тафаккури ҷамъиятӣ ва саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун меъмори сулҳ, наҷотбахши миллат ва роҳнамо ба сӯи ваҳдат ва рушд бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Бо иродаи қавӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии давлатсозона, Пешвои миллат дар марҳалаи вазнинтарини таърихи муосир тавонистанд парокандагиву ихтилофро ба ҳамдигарфаҳмиву ризоият табдил диҳанд, сулҳу суботи пойдорро барқарор намуда, миллати тоҷикро ба марҳалаи нави бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими пояҳои истиқлолият раҳнамоӣ намоянд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад, вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватандӯст аст, ки ба ҷонфидоиҳо ва заҳматҳои таърихии Пешвои миллат арҷ гузорад, Ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кишвар ҳифз намояд ва дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлат ва пешрафти ҷомеа бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Зеро Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди таърихӣ, балки заминаи мустаҳками бақои давлат, пойдории сулҳ ва кафолати зиндагии осоиштаи наслҳои оянда мебошад.

Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам
Судяи суди ноҳияи Роштқалъа

Эзоҳ: Мақолаи мазкур дар нашрияи МИҲД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ «Шоҳдара» таҳти №7 (247) моҳи июни соли 2025 ба чоп расидааст.