ТАҲКИМИ НАЗОРАТ ВА ҶАВОБГАРИИ ҚОНУНӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ ЗАРУРАТИ ЗАМОН

Нашр гардидани мақолаи судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар нашрияи «Шоҳдара» таҳти №6 (246) дар моҳи июни соли 2025
Дар моҳи марти соли 2025, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти зиёди он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024–2025-ро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дод. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо нигаронии амиқ аз ин раванд, ба масъулон дастур доданд, ки барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими низоми назорат дар соҳаи энергетика тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва таҳкими интизоми ҳуқуқӣ, ба санадҳои муҳими қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253¹ илова шуд, ки барои дахолати ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ҳисобкунии барқ ва дигар намудҳои истифодаи ғайримуҷози нерӯи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар мекунад. Ин модда барои кирдорҳое, ки дар доираи дахолат ба асбобҳои ҳисобкунии барқ, тағйир додани нишондиҳандаҳо ва истифодаи барқ бе шартнома ё ҳисобкунак содир мегардад, то ба маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ намудааст.
Ҳамзамон, барои кирдорҳое, ки аломатҳои ҷиноятро надошта, вале моҳияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Моддаи 382 бо мазмуни нав барои истифодаи барқ бе асбобҳои ҳисобкунии зарурӣ, шикастани пломбаҳо, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва ғайра ҷаримаҳои маъмуриро нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.
Ин тадбирҳо на танҳо воситаи мубориза бо истифодаи ғайриқонунии барқ мебошанд, балки ҳамзамон паёме ба ҷомеаанд, ки истифодаи захираҳои давлатӣ бояд дар доираи қонун ва бо эҳтиром ба манфиати ҷамъиятӣ сурат гирад. Барқи истеҳсолшуда моликияти умумии мардум аст ва ҳар гуна сӯистифода аз он хилофи принсипҳои адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Сарфи барқ, шаффофият дар ҳисоббаробаркунӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба масъулияти энергетикӣ, бахшҳое мебошанд, ки танҳо бо ҳамкории муассир байни сохторҳои давлатӣ, судҳо ва ҷомеа амалӣ мешаванд. Судҳо дар навбати худ, бояд ин тағиротро бо ҳассосият ва дар чорчӯбаи қонун татбиқ намоянд, то замина барои таҳкими тартибот ва волоияти қонун дар соҳаи энергетика фароҳам шавад.
Бо дарназардошти он ки аксари маҳалҳо дар кишвар аз нерӯи барқ ҳамчун манбаи асосии гармӣ, рушноӣ ва дастгирии фаъолияти иқтисодӣ истифода мебаранд, назорати дақиқ ва истифодабарии самараноки он ба масъалаи амнияти энергетикӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҷорӣ шудани ин тағирот дар қонунгузорӣ ба манфиати ҷомеа ва давлат аст ва нишондиҳандаи иродаи қавии сиёсӣ ҷиҳати устувор нигоҳ доштани низоми барқрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои буҷаи давлатӣ мебошад.
Мо бояд дарк намоем, ки назорати қонунӣ, фаҳмиши масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба манбаъҳои захиравӣ на танҳо уҳдадории давлат, балки қарзи ҳар як шаҳрванди бедордил аст.
Судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ
Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам
Нашр гардидани мақолаи судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар нашрияи «Шоҳдара» таҳти №6 (246) дар моҳи июни соли 2025