ТАБРИКОТИ РОҲБАРИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪАИ ВМКБ БАХШИДА БА РӮЗИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо камоли эҳтиром ҳамаи шумоёнро бо ҷашни мубораку муқаддаси Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайвандгари наслҳо эътироф шудааст, табрику таҳният мегӯем!
Наврӯз, ки бо фарорасии худ фасли зебои баҳорро мужда мерасонад, сарчашмаи илҳому рӯҳбаландӣ ва оғози умеду орзуҳои нек барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ин ҷашни бостонӣ моро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву адолат ва эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ ҳидоят мекунад.
Роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъа бо ибрози таманниёти нек ба ҳамаи ҳамдиёрон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои навро таманно дорад. Бигзор, рӯшноии Наврӯз дилу дидаи ҳар як шахсро равшан намуда, сулҳу субот ва адолатро дар ҷомеа таҳким бахшад.
Наврӯз муборак бод!