ТАТБИҚИ АДОЛАТИ СУДӢ ДАР МАҲАЛ: МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДИИ СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ДАР БИНОИ ҶАМОАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 6 майи соли 2025, дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъа маҷлиси сайёри судӣ таҳти раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баргузор гардид. Мурофиаи мазкур ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оида ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, баргузор гардид.

Мутобиқи маводи парванда, судшаванда аз беэҳтиётӣ  қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳолати мазкур  боиси расонидани зарари миёна ба саломатии ҷабрдида гаштааст. Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии ин ҳодиса, суд баргузории мурофиаро дар муҳити кушоду дастрас барои аҳолӣ,  дар бинои ҷамоат ба мақсад мувофиқ донист.

Дар ҷараёни мурофиа ҷонибҳои парванда, шоҳидон ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва воқеии ҳодисаи рухдодаро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд. Суд пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи далелҳо санади судиро қабул кард.

Судя Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар суханронии ҷамъбастии худ таъкид намуд, ки баргузории чунин мурофиаҳои сайёр на танҳо шаффофияти адолати судиро таъмин мекунад, балки маърифати ҳуқуқии аҳолиро боло бурда, ба пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан дар соҳаи нақлиёт, мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки ғайриқонунӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, беэҳтиётӣ дар роҳ, ва бепарвоӣ нисбат ба қоидаҳои ҳаракат, метавонад оқибатҳои фоҷиабор ба бор орад.

Баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ яке аз шаклҳои муассири татбиқи адолати судӣ ба ҳисоб рафта, дар амал ба наздиксозии суд ба ҷомеа, таҳкими боварии шаҳрвандон ба низоми судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни иштирокчиёни ҳаракати роҳ ва ҷомеа мусоидат менамояд. Чунин таҷриба на танҳо зарурат, балки василаи муҳими тарғиботӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ба шумор меравад.