ВОХӮРӢ ОИД БА ТАҚВИЯТИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯ КӮДАК ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ НАВРАСОН

Санаи 21 апрели соли 2025, дар асоси нақша-чорабиниҳои роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ маҷлиси сайёри судӣ ва ҳамзамон вохӯрии судманд бо намояндагон бахши маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам ва прокурори ноҳия Юсуфзода Шукур иштирок карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ судя Давлатқадамзод С.С. таъкид дошт, ки масъалаи тарбияи шаҳрвандон, бахусус кӯдакон ва наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва худшиносии миллӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзамон аҳли нишастро бо мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шинос намуда, нақши омӯзгор, падару модар ва худи ҷавононро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби судя пешниҳоди суд ҷиҳати бартараф намудани камубдиҳои ҷойдошта дар самти бахши маорифи ноҳияи Рошқалъаи ВМКБ қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани он диққати масъулини соҳаро ҷалб намуданд.

Прокурори ноҳия Юсуфзода Шукур дар идомаи вохӯрӣ суханронӣ намуда, бо овардани мисолҳо аз таҷрибаи амалӣ дар самти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятии аз ҷониби ноболиғон содиршаванда, иштирокчиёнро ба эҳтиром ба қонун, риояи тартибот ва арзишҳои миллӣ даъват кард. Номбурда таъкид намуд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар, падару модарон барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар самти таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии ҳуқуқӣ доранд.

Чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи таҷриба ва арзёбиҳои ҷомеа, нақши муассир дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон дошта, дар пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуб, фарогирии онҳо ба таҳсил ва таълиму тарбияи дуруст мусоидат менамоянд.