15 марти соли 2026 дар ноҳияи Роштқалъа бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар доираи тадбирҳои оммавию варзишӣ Дави Наврӯзӣ бо иштироки васеи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ташкил гардида, бо фазои идона, рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ доир карда шуд.
Наврӯз, ки аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба ҳисоб меравад, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳ таҷлил мегардад ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамчун мероси фарҳангии башарият эътироф шудааст. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният дохил шудааст.
Баргузории Дави Наврӯзӣ дар остонаи ин ҷашни бузург рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Дар ин чорабинӣ намояндагони касбу кори гуногун, кормандони мақомоти давлатӣ, ҷавонон ва варзишгарон фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланд масофаи муайяншударо тай намуданд.
Қобили зикр аст, ки кормандони суди ноҳияи Роштқалъа низ дар ин чорабинии оммавӣ фаъолона ширкат варзида, бо иштироки худ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда гузоштанд.
Дави Наврӯзӣ дар фазои тантанавӣ ва бо рӯҳияи баланди идона баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мардумро гирди ҳам меорад ва арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангии тоҷиконро муаррифӣ менамояд.