КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзгардонии муҳити атроф, инчунин омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар суди ноҳияи Роштқалъа шанбегии дастаҷамъонаи меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни шанбегии мазкур кормандони суди ноҳияи Роштқалъа бо ҳисси баланди масъулият дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои судро тозаву озода гардониданд. Аз ҷумла, ҳудуди бино пурра тоза ва рубучин карда шуда, барфҳои ҷамъшуда бартараф гардиданд ва муҳити атроф ба тартибу низом оварда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади сабзгардонӣ ва зебо намудани муҳити атроф дар ҳудуди бинои суд ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки ин иқдом ба беҳтар гардидани симои зоҳирии бино ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузор намудани чунин шанбегиҳо на танҳо ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ аҳамияти муҳим дорад, балки ҳамзамон ба таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагии шоиста ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз мусоидат менамояд.