МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: ОГОҲӢ, ПЕШГИРӢ ВА АДОЛАТИ СУДӢ
Нашри мақола дар нашрияи МИҲД н. Роштқалъаи ВМКБ 4(256) моҳи апрели соли 2026
Муқовимат ба савдои одамон: огоҳӣ, пешгирӣ ва адолати судӣ
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои муҳоҷират, ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ва густариши равобити иқтисодӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд, як падидаи нигаронкунанда “савдои одамон”, ҳамоно ҳамчун ҷинояти вазнин ва хатарнок боқӣ мемонад. Ин падида бештар дар заминаи нобаробарии иҷтимоӣ, камбуди имкониятҳои шуғл, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва бовар ба ваъдаҳои бардурӯғ рушд мекунад.
Савдои одамон на танҳо вайронкунии меъёрҳои қонун, балки поймолсозии арзишҳои бунёдии инсонӣ мебошад. Дар чунин ҳолат шахс ба объекти истифода табдил ёфта, аз ҳуқуқҳои асосии худ ҳуқуқ ба озодӣ, меҳнати шоиста, амнияти шахсӣ ва зиндагии арзанда маҳрум мегардад. Оқибатҳои ин ҷиноят барои қурбониён ниҳоят вазнин буда, на танҳо зарари ҷисмонӣ, балки осебҳои равонӣ ва иҷтимоиро низ ба бор меорад.
Бо дарназардошти хусусияти фаромиллӣ доштани савдои одамон ва истифодаи усулҳои пинҳонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятӣ, мубориза бо он муносибати ҷиддӣ, ҳамоҳанг ва пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолиро талаб менамояд. Маҳз маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиёткорӣ метавонад инсонро аз гирифтор шудан ба чунин домҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад.
Барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки қисми муайяни аҳолӣ бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират рӯ меоранд, донистани моҳияти чунин ҷиноят ва роҳҳои пешгирии он аҳамияти махсус дорад. Зеро маҳз дар шароити камбуди имкониятҳои шуғл ва ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар, баъзе шаҳрвандон ноогоҳона ба доми шахсони фиребгар меафтанд. Норасоии маълумоти ҳуқуқӣ ва бовар ба ваъдаҳои бардурӯғ метавонад инсонро ба вазъияти хеле хатарнок дучор созад.
Савдои одамон, одатан, бо фиреб оғоз меёбад. Ба шахс кори сердаромад, шароити хуб ва зиндагии осон ваъда дода мешавад. Баъзан ҳатто бо ӯ шартномаҳои қалбакӣ баста мешаванд ё тавассути шиносону миёнаравон бовар ҳосил мекунанд. Аммо дар асл, чунин ваъдаҳо танҳо василаи ҷалб намудани шахс ба доми ҷинояткорон мебошанд. Дар натиҷа, ӯ метавонад ба ҳолате гирифтор шавад, ки озодии худро аз даст дода, маҷбур ба иҷрои меҳнати вазнин, кор дар шароити ғайриинсонӣ ё дигар шаклҳои истисмор гардад.
Дар амал чунин ҳолатҳо кам нестанд, ки шаҳрвандон бо нияти нек аз ватан хориҷ шуда, ба доми гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ меафтанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо гирифта шуда, имкони озодона ҳаракат кардан аз онҳо маҳрум мегардад. Онҳо зери фишор, таҳдид, зӯроварӣ ё вобастагии молиявӣ қарор гирифта, маҷбур мешаванд талаботи ҷинояткоронро иҷро намоянд. Бисёр вақт чунин шахсон наметавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, зеро аз тарс ё надонистани ҳуқуқҳои худ дар ҳолати вобастагӣ мемонанд.
Ин ҳама нишон медиҳад, ки савдои одамон танҳо як фиреби оддӣ нест, балки як занҷираи мураккаби ҷиноятӣ мебошад, ки метавонад сарнавишти инсонро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, ӯро аз ҳаёти муқаррарӣ маҳрум созад.
Муҳим аст дарк намоем, ҳар гуна истифодаи инсон бо роҳи фиреб ё маҷбуркунӣ ин савдои одамон мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бештар муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон, занон ва кӯдакон ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешаванд. Ин гурӯҳҳо бинобар вазъи иҷтимоӣ, камбуди таҷриба ё норасоии маълумоти ҳуқуқӣ осебпазиртар ба ҳисоб мераванд. Махсусан ҷавонон, ки дар ҷустуҷӯи кори хуб ва ояндаи беҳтаранд, зудтар ба ваъдаҳои ҷолиб бовар мекунанд.
Сабаб асосан дар он аст, ки баъзе шаҳрвандон бидуни санҷиши дақиқ ба пешниҳодҳо ва ваъдаҳои шахсони ношинос эътимод менамоянд. Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, камбуди ҷойҳои кор ва имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ низ метавонад одамонро водор созад, ки бо ҳар гуна пешниҳод розӣ шаванд, ҳатто агар он хавфнок бошад. Маҳз чунин шароит барои фаъолияти шахсони фиребгар замина фароҳам меорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои одамон ҳамчун ҷинояти махсусан вазнин эътироф гардида, барои содир кардани он ҷазои сахт пешбинӣ шудааст. Қонунгузорӣ дар ин самт ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузошта, нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои ҷиддии ҷазоӣ пешбинӣ менамояд. Ҳамзамон, давлат бо мақсади пешгирии чунин ҷиноятҳо ва ҳифзи шаҳрвандон, тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла барномаҳои давлатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории байналмилалиро амалӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон қабул гардидааст, ки ҳадафи он:
пешгирии ҷиноят;
ҳифзи ҷабрдидагон;
пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Инчунин, ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин самт рӯз ба рӯз тақвият меёбад.
Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳои нохуш, ҳар як шахс бояд ба чанд қоидаи оддӣ риоя намояд: ба ваъдаҳои “кори осон ва сердаромад” бе санҷиш бовар накунед, ҳуҷҷатҳои худро ба шахсони дигар насупоранд, пеш аз сафар маълумоти дақиқ дар бораи ҷойи кор гиранд, бо наздиконашон ҳамеша дар тамос бошанд ва дар ҳолати шубҳаовар ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Ин қоидаҳои оддӣ метавонанд ҳаёти инсонро аз хатар наҷот диҳанд.
Муқовимат ба савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад. Агар мо дар муҳити худ ҳолатҳои шубҳанокро мушоҳида намоем, бояд онро пинҳон накунем. Огоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад садди роҳи чунин ҷиноят гардад.
Дар баробари дигар мақомот, суд низ дар мубориза бо савдои одамон нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Маҳз тавассути баррасии одилона ва ҳамаҷонибаи парвандаҳо, арзёбии дурусти далелҳо ва татбиқи дақиқи меъёрҳои қонун, суд адолатро таъмин менамояд. Судҳо бо баровардани ҳукмҳои қонунӣ ва асоснок на танҳо ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ мекашанд, балки ҳуқуқу манфиатҳои қурбониён ва ҷабрдидагонро ҳифз намуда, эҳсоси адолат ва бовариро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Нақши суд инчунин дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як парвандаи баррасишуда метавонад барои дигарон ҳамчун огоҳӣ ва пешгирии чунин ҷиноятҳо хизмат намояд. Ҳукми одилона на танҳо ҷазо, балки воситаи тарбия ва пешгирии ҷиноят мебошад.
Савдои одамон падидаест, ки метавонад ба ҳар ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод намояд. Он сарҳад намешиносад ва метавонад ба ҳар шахс таъсир расонад. Аммо бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, эҳтиёткорӣ дар муносибат бо пешниҳодҳои шубҳанок ва ҳамкории дастаҷамъонаи ҷомеа ва давлат, метавон пеши роҳи онро гирифт.
Ҳифзи инсон ин ҳифзи ҷомеа ва ояндаи он аст. Биёед, бо огоҳӣ, масъулият ва эҳсоси шаҳрвандӣ, дар муқовимат ба ин ҷинояти хатарнок саҳми худро гузорем ва барои таъмини амнияти ҷомеаи худ бетараф набошем.

Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам
Судяи суди ноҳияи Роштқалъа
Суди ноҳияи Роштқалъа 




