КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА САЗОВОР ҶАШН ГИРИФТАНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар самти зоҳир намудани арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ, дар суди ноҳияи Роштқалъа як қатор корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар доираи тадбирҳои мазкур дар гирду атрофи бинои суд корҳои рангубор ва навсозии деворҳо, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин сафолакпӯшӣ ва сабзкорӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, бойгонии нави суд ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳуҷраҳои кории судяҳо таъмиру тармим гардиданд, ки ин ҳама ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ ва хидматрасонии ҳуқуқӣ равона шудааст.

Мақсад аз татбиқи чунин иқдомҳо дар арафаи ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ, ки рамзи сулҳу субот ва якпорчагии кишвар маҳсуб меёбад, ин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти кормандони суд дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини адолати судӣ мебошад.

Суди ноҳияи Роштқалъа минбаъд низ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо корҳои амалии ободонӣ ва беҳсозии шароити хизматрасонӣ ба мардум дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва пойдории Ваҳдат саҳми муносиб гузорад.