МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ВОБАСТА БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

Санаи 14 августи соли 2025, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди ВМКБ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар ҳузури васеи аҳолӣ маҷлиси ошкорои сайёри судӣ баргузор гардид.
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакорӣ бо истифодаи ваколати мансабӣ айбдор дониста мешавад, берун аз бинои суд, бо ҷалби сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифт.
Гузаронидани чунин мурофиаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои аҳолинишин яке аз шаклҳои самараноки татбиқи принсипи ошкоро ва шаффоф будани адолати судӣ мебошад. Маҷлисҳои сайёри судӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон бо раванди баррасии парвандаҳо аз наздик шинос шаванд, моҳияти моддаҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии кирдорҳои ҷиноятиро дарк намоянд, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд ва эҳтиром ба қонунро тақвият диҳанд, бо мисоли зинда аз оқибатҳои азонихудкунии моликияти давлатӣ, инчунин аз истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои мансабӣ огоҳ гарданд.
Ин чорабинии судӣ ҳамчунин ба мақсади пешгирии ҷиноятҳои мансабӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия нигаронида шуда, ҳамчун омили тарбиявӣ ва пешгирикунанда хизмат мекунад.Суди ноҳияи Роштқалъа минбаъд низ тасмим дорад, ки бо мақсади татбиқи самараноки принсипи дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҷрибаи баргузории мурофиаи сайёри судиро идома диҳад.