БАРРАСИИ ПАРВАНДА ДАР МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ВОБАСТА БА ҶИНОЯТИ ИШҒОЛИ ХУДСАРОНАИ ҚИТЪАИ ЗАМИН ВА СОХТМОНИ ХУДСАРОНА ДАР ОН

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими эҳтиром ба қонун ва принсипи ошкорои фаъолияти суд, санаи 27 августи соли 2025 дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа мурофиаи сайёри судӣ баргузор гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ишғоли худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он аз ҷониби судяи cуди ноҳияи Роштқалъа, Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам, дар муҳокимаи ошкоро баррасӣ карда шуд.
Дар мурофиаи судӣ сокинони маҳаллӣ ва намояндагони ҷомеа иштирок намуда, аз раванди муҳокима ва татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ огоҳ гардиданд.
Суди ноҳияи Роштқалъа таъкид менамояд, ки ишғоли худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони худсарона амали қонуншиканӣ буда, тибқи моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Баргузории чунин мурофиаҳои сайёр на танҳо ба ошкороии фаъолияти судҳо мусоидат мекунад, балки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро низ боло мебарад.