БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6 сентябри соли 2025, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Роштқалъа шанбегӣ баргузор гардид.
Мутобиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати таҷлили шоистаи ин санаи сарнавиштсоз, ки аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Роштқалъа бо ҳисси масъулиятшиносӣ гирду атрофи бинои судро аз партовҳо ва ифлосиҳо тоза намуда, корҳои ободонӣ ва зебоисозиро амалӣ намуданд.
Бо ташаббуси раиси суди ноҳияи Роштқалъа ва иштироки фаъоли ҳайати кормандон, бинои суд бо лавҳаҳои тарғиботию ороишӣ, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буданд, зинат ёфт. Ин иқдом на танҳо муҳити кориро идона ва назаррабо гардонид, балки ба эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлол мусоидат намуд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Роштқалъа ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва садоқат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гардид.