ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа чорабинии сиёсӣ-фарҳангии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарӣ, бо иштироки ҳофизону сарояндагони маҳаллӣ баргузор гардида, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардонид.

Ҳамзамон, дар оғози маҷлис бо қарори Раиси ноҳияи Роштқалъа, судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам барои иҷрои софдилона ва дар сатҳи баланд анҷом додани вазифаҳои хизматӣ бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Роштқалъа қадрдонӣ гардид.

Ин гуна чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд.