БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАИ ОИЛАВӢ ВОБАСТА БА МУҚАРРАР КАРДАНИ ҲОЛАТИ ВАФОТ
Санаи 26 феврали соли 2026 дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид.
Парвандаи мазкур аз ҷониби раисикунанда судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар маҷлиси ошкорои судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавзӯи баррасӣ парвандаи оилавӣ оид ба муқаррар намудани ҳолати вафот буд. Дар ҷараёни мурофиа ҳолатҳои воқеии парванда, далелҳои пешниҳодгардида ва асосҳои ҳуқуқии талабот ҳамаҷониба таҳқиқ гардида, ба онҳо тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Баргузории маҷлиси сайёри судӣ бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, сарфаи вақт ва хароҷоти тарафҳо, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар маҳал сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаи баррасӣ санади дахлдори судӣ қабул гардид.
Суди ноҳияи Роштқалъа 




