ТАБРИКОТИ РОҲБАРИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои муқаддасу таърихии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, табрик менамоем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 бо иродаи қавии мардуми кишвар қабул гардид, пояи устувори давлати соҳибистиқлол, рамзи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати адолати иҷтимоӣ мебошад.
Конститутсияи кишвар ҳамчун санади олӣ ва асоси қонунгузорӣ, самти рушду пешрафти ҷомеа ва давлатро муайян намуда, арзишҳои демократӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро таъмин менамояд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки волоияти қонун, таҳкими адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон маҳз дар рӯҳия ва асосҳои Конститутсияи мамлакат сурат мегиранд.

Бигзор ин рӯзи муборак  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳар як хонадони тоҷик саодату шукуфоӣ, сулҳу субот ва итминон ба ояндаи дурахшон ато намояд!

Бо эҳтиром,
Роҳбарияти суди ноҳияи Роштқалъа