ДАР СУДИ ВМКБ, СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ ОМӮЗИШИИ КАСБИИ СУДЯҲО БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 30 январи соли 2026 дар бино Суди ВМКБ, дар шаҳри Хоруғ, семинари ҳармоҳаи омӯзишии касбии судяҳо баргузор гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарияти Суди ВМКБ, инчунин раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Семинар дар фазои корӣ доир гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими фаъолияти судӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ ва таҳкими малакаҳои касбии судяҳо равона карда шуд.
Дар ҷараёни семинар судяҳо бо маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда мубодилаи афкор, муҳокимаҳои касбӣ ва саволу ҷавобҳои фаъол сурат гирифт. Масъалаҳои вобаста ба якхел намудани таҷрибаи судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, таъмини қонуният ва адолати судӣ, инчунин такмили сифати баррасии парвандаҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуданд.
Гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ ба рушди касбии судяҳо, таҳкими таҷрибаи ягонаи судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ мусоидат намуда, дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат нақши муҳим мебозад.