БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ДАР МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ МОЛИКИЯТИ БАҲСӢ
Санаи 13 феврали соли 2026 аз ҷониби суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати раисикунанда судя Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам маҷлиси сайёри судӣ оид ба баррасии парвандаи маданӣ баргузор гардид.
Парвандаи мазкур вобаста ба даъвои даъвогар оид ба беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Хоруғ, бартараф намудани монеагӣ ва ба ҳолати аввала баргардонидани объекти баҳсӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Бо мақсади таъмини баррасии ҳамаҷониба, пурра ва воқеии ҳолатҳои парванда, инчунин тибқи талаботи Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи суд ҷиҳати азназаргузаронии далелҳо дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо, маҷлиси сайёри судӣ дар шаҳри Хоруғ, бевосита дар бинои баҳсӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни маҷлис аз ҷониби суд ҳолати воқеии объекти баҳсӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи амалии он, инчунин дигар ҳолатҳои барои ҳаллу фасли дурусти баҳс аҳамиятдошта мавриди азназаргузаронӣ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба протоколи мурофиаи судӣ ворид карда шуданд.
Баргузор намудани маҷлиси сайёри судӣ дар маҳалли ҷойгиршавии объекти баҳсӣ ба таъмини шаффофият, дақиқӣ ва асоснокии қарор мусоидат намуда, барои муайян намудани ҳолатҳои воқеии парванда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Баррасии парвандаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун идома дорад.

Суди ноҳияи Роштқалъа 




