МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА ҶИНОЯТИ СОХТАКОРӢ

Санаи 6 феврали соли 2026 аз ҷониби Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид.

Маҷлиси сайёри судӣ дар бинои филиали КВД БА «Амонатбонк» дар ноҳияи Роштқалъа баргузор шуда, парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба сохтакорӣ, ки тибқи маводи парванда аз ҷониби кормандони филиали мазкур содир гардидааст, мавриди баррасии судӣ қарор дода шуд.

Маҷлиси судӣ таҳти  раисии судяи суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам бо риояи пурраи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ баргузор гардида, ҳадафи асосии он таъмин намудани шаффофият, ошкоро будани мурофиа, таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои воқеии парванда, инчунин баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба адолати судӣ мебошад.

Баргузор намудани маҷлисҳои сайёри судӣ яке аз воситаҳои муҳими татбиқи принсипҳои адолати судӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба шумор меравад.