БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МУРОФИАҲОИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РОШТҚАЛЪА

Санаи 20 феврали соли 2026 дар бинои Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мурофиаҳои сайёри судӣ оид ба баррасии як қатор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баргузор гардиданд.

Парвандаҳои мазкур аз ҷониби раисикунанда судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баррасӣ шуда, ба онҳо вобаста ба ҳолатҳои воқеӣ ва далелҳои дар мурофиа таҳқиқгардида баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Аз ҷумла, дар мурофиаҳои баргузоргардида парвандаҳо оид ба содир намудани кирдори авбошӣ, вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаҳо, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон мутобиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои пешбининамудаи қонун таъин карда шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намудаанд, инчунин ҷиҳати пешгирии минбаъдаи чунин кирдорҳо дар ҳудуди ноҳия, аз ҷониби суд ба мақомоти дахлдор пешниҳод ва таъинотҳои хусусӣ ирсол гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ дар маҳал ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофияти фаъолияти суд ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат менамояд. Шаҳрвандон бевосита дар ҷараёни мурофиаҳо иштирок намуда, моҳият ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро аз наздик дарк менамоянд, ки ин омил дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои минбаъда нақши муҳим дорад.

Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ минбаъд низ фаъолияти худро дар самти таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо идома хоҳад дод.