ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳи ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатии кишвар содиқона хизмат менамоянд, самимона табрик менамояд.

Рӯзи Артиши миллӣ ҳамчун рамзи қудрат, шуҷоат ва садоқат ба Ватан дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мавқеи хос дорад. Таъсис ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият буда, дар заминаи сиёсати давлатдории миллӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувор пайдо намудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат ташаккул ёфта, дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ, манфиатҳои миллӣ ва амнияти шаҳрвандон нақши калидӣ мебозанд. Хизмат ба Ватан қарзи муқаддас ва вазифаи шарафмандонаи ҳар як шаҳрванд буда, хизматчиёни ҳарбӣ ин рисолати масъулиятнокро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат иҷро менамоянд.

Суди ноҳияи Роштқалъа дар масъалаи таъмини волоияти қонун ва амнияти давлатӣ изҳор медорад, ки ҳамкории ҳокимияти судӣ бо сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва устувории ҷомеа мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ тансиҳатӣ, матонати рӯҳӣ, иродаи қавӣ, сулҳу суботи пойдор ва муваффақиятҳои нав дар адои вазифаи муқаддаси хизмат ба Ватан орзу менамоем.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак бод!