СУҲБАТУ ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН ВА ШАРҲИ ҚОНУН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Бо ташаббуси суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Суди ноҳияи Роштқалъа, инчунин бо мақсади иҷрои супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди ВМКБ, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ноҳияи Роштқалъа бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа, прокуратура, бахши маориф ва шуъбаи кор бо занон ва оила суҳбату вохӯрии муштарак баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳими вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, инчунин шарҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ судяи Суди ноҳияи Роштқалъа Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам баромад намуда, аҳамияти татбиқи муназзами дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар муҳити ноболиғон ва нақши калидии омӯзгоронро дар тарбияи ҳуқуқии насли наврас таъкид намуд.

Дар вохӯрӣ директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи маориф, волидон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фикру андеша ва пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.

Қайд гардид, ки ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ, пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ноболиғон, инчунин тақвияти мақом ва нуфузи омӯзгор дар ҷомеа мусоидат менамояд.